Имрӯз, 12-уми март, маросими қуръапартоии бозиҳои мавсими 34-уми Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор гардид.
Имсол дар мусобиқаи Париматч – Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 14 даста иштирок мекунанд – “Парвоз”-и фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, “Моҳир”-и Ёвон, “Сомон”-и Данғара, “Шодмон”-и Ҳисор, “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадонӣ, “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Сардор”-и Турсунзода, “Саразм”-и Панҷакент , “Исфара”-и Исфара, “Душанбе”-и пойтахт, «Ваҳдат»-и Ваҳдат ва се дастаҳое, ки аз Лигаи дуюм бори аввал дар таърихашон роҳхат ба Лигаи якум ба даст оварданд - “Рангон”-и Рӯдакӣ, “Мастчоҳ”-и Мастчоҳ ва “Норак”-и шаҳри Норак.
Мавсими нави Лигаи якуми кишвар 4-уми апрел оғоз мегардад ва дар ду марҳила баргузор мешавад. Ғолиби Лигаи якум роҳхати мустақим ба мавсими ояндаи Лигаи олӣ ба даст меорад, барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якум бошад бо дастаи зинаи 11-уми Лигаи олӣ ду бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд.
Вобаста ба рақамҳои тартибие, ки собиқадорони футболи тоҷик Аслиддин Ҳабибуллоев ва Баҳодур Суфиев дар қуръакашӣ аз сабадҳо бароварданд, тақвими бозиҳои Лигаи якум тартиб дода мешавад.
Мувофиқи низоми Бергер, дар даври аввали Париматч – Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 дастаҳо ба таври зайл байни ҳам бозӣ мекунанд:
Саройкамар - Ваҳдат
Сардор - Моҳир
Исфара - Сарҳадчӣ
Рангон - Шодмон
Сомон - Норак
Саразм - Парвоз
Мастчоҳ - Душанбе