🇹🇯 Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и пойтахт семинари омӯзишӣ оид ба ташкили вохӯриҳо барои комиссароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, баргузор гардид.
🇹🇯 Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода семинарро ифтитоҳ бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро ба ҷамъомади омӯзишӣ хайрамақдам гуфт ва онҳоро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуд. Ӯ аҳамияти нақши комиссаронро, ки дар ташкили бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон хеле калон аст, қайд кард.
🚑 🚒 Дар семинари таълимӣ бобати нақш, фаъолият ва масъулиятҳои комиссарони бозӣ, омодагии варзишгоҳ, маркетинг ва ташкили ВАО, бехатарӣ, ҳамкорӣ бо созмондиҳандагони бозӣ, пур кардани ҳисобот ва ҳисоботи комиссионерон ва муҳокимаи ҳодисаҳо сухан карданд.
💻 Ҳамаи иштирокчиёни семинар аз рӯйи барномаи таълимии анҷомдода аз санҷиш гузаштанд.
💚 Бояд гуфт, ки мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 7-уми март оғоз мешавад.