Санаи 14 ва 15 феврали соли равон гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан аз корҳои анҷомдодаи масъулин барои мавсими нави футбол аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Мастчоҳ боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни мулоқот бо Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода вазъи молиявӣ, кадрӣ, инфрасохтори варзишии шаҳр, инчунин, иштироки фаъоли Муассисаи давлатии Клуби футболи "Исфара"- и шаҳри Исфара дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум ва ба шаҳри футбол табдил додани ин минтақаи сарҳадии ҷумҳурӣ, ки дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ гардид.
Дар рафти мулоқот раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода қайд намуданд, ки нақшаи таъмири варзишгоҳи шаҳр ва омода намудани он ба мавсими нави футбол тасдиқ гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо корхо аллакай шуруъ шудаанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки нақшаи маблағгузории Муассисаи давлатии Клуби футболи «Исфара»-и шаҳри Исфара барои мавсими футболи соли 2025 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳия ва тасдиқ шуда, дар мавсими ҷорӣ клуб мушкилоти молиявӣ надорад.
Мутобиқнамоӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва кадрию варзишии Дастаи футболи "Мастчоҳ"- и ноҳияи Мастчоҳ аз мавзӯъҳое буд, ки санаи 15 феврали соли равон дар аснои мулоқот бо раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, аз ҷониби Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон барои пурра омода намудани чаманзори Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ, инчунин муҷаҳҳаз намудани Варзишгоҳ бо намолавҳаи электронӣ ва фаъол намудани системаи рӯшноидиҳии он таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.
Дар интиҳои мулоқот зикр гардид, ки барои фаъолияти самаранок ва бо сифат шакли фаъолияти даста ба Муассисаи давлатии Клуби футболи "Мастчоҳ"- и ноҳияи Мастчоҳ табдил дода шуд.