Имрӯз, 10-уми феврал, маросими тамдиди созишномаи ҳамкорӣ байни Лигаи футболи Тоҷикистон ва ширкати “Париматч Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар асоси созишнома ширкати “Париматч” шарики расмии Лигаи футболи кишвар дар соли 2025 боқӣ монда, мусобиқаи Лигаи якум таҳти сарпарастии “Париматч” баргузор мегардад. Монанди соли гузашта, номи расмии мусобиқа Париматч – Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 гардид.
Созишномаи ҳамкорӣ аз ҷониби директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва директори тиҷоратии ширкати “Париматч” Владимир Кочерга имзо карда шуд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки лоиҳаҳои зиёди муштарак барои ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо ва барномаҳои баланд бардоштани дониши маркетингии дастаҳои Лигаи якум омода кардаанд.
Бояд хотиррасон шуд, ки ширкати “Париматч Тоҷикистон” расо панҷум сол аст, ки шарики муҳими ЛФТ аст. Соли 2022 ширкати мазкур сарпарасти кулли мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли гузашта бошад сарпарасти кулли Лигаи якуми Тоҷикистон буд.